Равобити умумии вазорати умури хориҷаи Эрон шаби гузашта 2 сентябр дар пайи интишори хабар ва филме дар бораи лату куби як хонуми эронӣ тавассути соҳибхонааш дар Қибрис, бо интишори иттилоияе тавзеҳ дод, ба дунболи лату куби як хонуми эронӣ дар Қибрис, консули сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қибрис бо ҳузур дар бемористони маҳали бистарии ҳамватани эронӣ аз вай аёдат ва мароҳили дармони вайро мавриди расидагӣ қарор дод.
Ҳамчунин сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайгирии ин рафтори ғайриинсонӣ, хостори расидагии давлати Қибрис дар ин замина шуд.
Хотирнишон мешавад, дар пайи ибрози нигаронии густардаи эрониён дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мақомоти Қибрис эълом карданд, ин воқеаи таассуфбарангезро ба диққат баррасӣ ва пайгирӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин полиси Қибрис рӯзи панҷшанбе нисбат ба дастгирии фарди лату кубкунанда, ки шаҳрванди Англия аст, иқдом кардааст.
Бар асоси иттилоияи равобит умумии вазорати умури хориҷаи Эрон, масъулони бахши консулии вазорати умури хориҷа дар ин робита бо сафири Қибрис дар Теҳрон дар тамос буда ва сафири Қибрис низ аз расидагии фаврии полиси кишвараш хабар дод ва гуфт, ки ин мавзуи таҳти расидагӣ аст.
Дар иттилоияи равобит умумии вазорати умури хориҷа, ҳимояти консулӣ аз ҳамватанон дар хориҷ аз кишвар аз муҳимтарин маъмуриятҳои намояндагиҳои Ҷумҳурии Исломии Эрони унвон шудааст.
342/